Маркази офисӣ Печать

 

 

Иҷораи муваққатии офисҳо барои самаранок идора кардани тиҷорати худ ба Шумо имконият медиҳад. Ҷойгиршавии бонуфузи бино, меъмории замонавӣ, банақшагирии хуби масоҳати ба иҷорагирифташуда, сифати баланди коркарди дохили бино, ҳамаи ин хусусиятҳои муҳими маҷмааи гурӯҳи А мебошад, ки бешубҳа «Душанбе Плаза» ба ин гурӯҳ шомил мебошад. Маҷмаа дараҷаи зарурии ҳаловатро таъмин намуда, ба фазои равонӣ ва қобилияти кории кормандон таъсири мусбӣ мерасонад, ки дар натиҷа самаранокии пешбурди тиҷорат низ баланд мегардад. Яке аз сифатҳои фарқкунандаи биноҳои ба иҷора додашавандаи мо ин усулҳои нави инженерӣ мебошад. Маҳз системаҳои баландсифати инженерӣ ҷараёни фаъолияти Маҷмаа, яъне сатҳи баланди ҳаловатро таъмин менамоянд. Ҳамаи инро Шумо метавонед аз Маҷмааи «Душанбе Плаза» дастрас намоед..

«Душанбе Плаза» барои ширкатҳое, ки барои расидан ба меъёрҳои баланди идоракунии фазои корӣ кӯшиш доранд, пешбинӣ шудааст. Барои ширкати бузургу муваффақ офиси замонавӣ яке аз қисмҳои муҳими имиҷ ва сиёсати корпоративӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

 

Офисҳои Маҷмааи «Душанбе Плаза» ҳам ба талаботи имиҷ ва ҳам ба талаботи функсионалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ғайр аз ин, «Душанбе Плаза» ба иҷорагирандагони худ на танҳо масоҳати иҷора, балки аз он ҳам болотар – муҳити беназири корбариро пешкаш мекунад, ки он ба пешрафти тиҷорат мусоидат менамояд.

 

 

 

Биноҳои офисӣ аз қабати 7-ум то 20-ум, дар блокҳои Б ва В ҷойгир шудаанд. Масоҳати умумии онҳо 13872 м. кв-ро ташкил медиҳад. Барои иҷора биноҳо дар қабатҳои 7-15 бо масоҳати 69,8 м. кв, 75,2 м. кв ва 139,5 м. кв. пешкаш карда мешаванд.

 

 

 

 

Офисҳое, ки дар қабатҳои 16, 17, 18 ва 20-ум ҷойгир шудаанд, VIP офис мебошанд, ки бо системаи назорати идоракунии дастрасӣ, телевизиони кабелӣ таҷҳизонида шуда, масоҳати нисбатан калонтар: 227,6 м. кв., 75,6 м. кВ., 128,6 м. кв., ва дар қабати 20-ум 180,3 м. кв. доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Масоҳатҳои ба иҷора додашаванда дар ҳолати хуб қарор дошта, ба таъмир ниёз надоранд ва ба тамоми талаботҳои зарурӣ ҷавобгӯ мебошанд.