Печать

Барои идоракунӣ ва истифодабарии Маҷмааи "Душанбе Плаза" Муассисаи давлатии "Душанбе Плаза"-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.

 

Вазифаи Муассисаи давлатии "Душанбе Плаза" аз амалӣ сохтани ҳадафҳои қайдгардида, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иҷорагирандагон ва мизоҷон, ташаккули имиҷи мусбии "Душанбе Плаза" ва ба даст овардани даромади баланд ва доимӣ барои соҳибмулки Маҷмаа иборат мебошад.