Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Кружок Шахмат

Опытный тренер покажет Вам и Вашему ребенку дорогу в "Волшебный мир шахмат"

Время занятий суббота в 02:00 до 16:00. За справками обращаться по номеру

+992 (372) 27-42-70

Курсы английского языка

English as a Second Language

УЧИМ АНГЛИЙСКИЙ ЛЕГКО И ПРОСТО!

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Компьютерные курсы

Наш ОПЫТ это начало

ВАШЕЙ блистательной КАРЬЕРЫ

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Медицинский кабинет

1-ый этаж, блок "Б",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Стоматологический кабинет

1-ый этаж, блок "B",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз527
mod_vvisit_counterДирӯз621
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2816
mod_vvisit_counterДар ин моҳ8944
mod_vvisit_counterҲамарӯза490456
ВХУ дар бораи мо
Ифтитоҳи бузургтарин бино дар пойтахти Тоҷикситон PDF Печать

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли лампаҳои камасраф, як толори бузурги варзишӣ ва маркази 22 ошёнаи соҳибкории Душанбе-Плаза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзмандон оғоз ёфт. Зимни ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ дар шаҳри Душанбе аз фаъол гардидани чунин корхонаи муосири саноатӣ, ки зодаи сиёсати сарфаю сариштакории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, изҳори хушнудӣ карда шуд.

 

 

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар як шабонарўз метавонад то 10 ҳазор дона лампаҳои гуногуни каммасрафи барқӣ истеҳсол намояд. Дар ин корхона, ки бо харҷи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, 126 нафар дар як баст бо кори доимӣ ва маоиши хуб таъмин гардидаанд. Тавре аён гардид, қисмҳои алоҳидаи лампаҳои каммасрафи ин корхона дар коргоҳҳои махсуси истеҳсоли қисмати пластикӣ, патрон ва галваникунонии ҳамин ҷо омода гашта, дар коргоҳи махсус аз санҷиши техникию технологӣ гузаронда мешаванд.

 

Муфассал...
 
Тўйи арўсию домодии 60 ҷуфт ҷавон PDF Печать

Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-

 

 

Дар Душанбе, дар Рўзи Ваҳдати миллӣ 27 июн 120 нафар ҷавонони саодатманди пойтахт ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанд. Дар робита ба ин дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» маросими тантанавии ақди никоҳи 60 ҷуфт ҷавонони оилаҳои ниёзманди пойтахт баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон- Президенти ҷумҳурӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Президенти мамлакат кулли навхонадоронро дар Рўзи Ваҳдати миллӣ бо ҳам бастани ақди никоҳ ва аз ҷониби шаҳрдорӣ доир намудани тўйи арўсию домодии онҳоро сидқан табрик намуда, бо ироаи ҳидоятҳои падаронаи хеш ба ҳар як ҷуфт дар расми тантанавӣ ангуштаринҳои тиллоӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва 3000 сомонӣ тақдим намуда, ҳамзамон бо онҳо акси хотиравӣ гирифт.

 

Муфассал...
 
Бонуи тоҷик «Душанбе-Плаза»-ро сарварӣ мекунад PDF Печать

Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Рафиқа Мўсоева ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таъин шудааст.
Рафиқа Мўсоева 59 сол дошта, зодаи Душанбест. Соли 1975 Донишкадаи муҳандисии Тоҷикистонро /алҳол Донишгоҳи техникӣ/ аз рўи ихтисоси «муҳандис-электрик» хатм намуда, ҳамзамон дар соли 1975 аспиранткаи Донишкадаи муҳандисони авиатсияи шаҳрвандии шаҳри Маскав буд. Инчунин бахши ғоибонаи Академияи мудирияти Русияро хатм намуда, солиёни зиёд дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва комсомол (созмони ҷавонон) фаъолияти пурмаҳсул намудааст. Мавсуф номзади илмҳои техникист. Солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои 2001-2003 дар мансаби вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Таъини Мўсоеваро аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ҳайси мудири «Душанбе-Плаза» ба масъулиятшиносию қавииродагӣ ва кордонии ў нисбат медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки бинои «Душанбе Плаза», ки дар зарфи ду сол дар маркази пойтахт-хиёбони Рўдакӣ -бурриши кўчаҳои Бухоро ва Теҳрон бунёд гардидааст, баландтарин бино маҳсуб мешавад. «Душанбе Плаза» дорои 22 ошёна буда, баландиаш 92 метр ва масоҳати умумиаш 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Муфассал...