Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Кружок Шахмат

Опытный тренер покажет Вам и Вашему ребенку дорогу в "Волшебный мир шахмат"

Время занятий суббота в 02:00 до 16:00. За справками обращаться по номеру

+992 (372) 27-42-70

Курсы английского языка

English as a Second Language

УЧИМ АНГЛИЙСКИЙ ЛЕГКО И ПРОСТО!

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Компьютерные курсы

Наш ОПЫТ это начало

ВАШЕЙ блистательной КАРЬЕРЫ

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Медицинский кабинет

1-ый этаж, блок "Б",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Стоматологический кабинет

1-ый этаж, блок "B",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз299
mod_vvisit_counterДирӯз561
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3247
mod_vvisit_counterДар ин моҳ13305
mod_vvisit_counterҲамарӯза553208
Тўйи арўсию домодии 60 ҷуфт ҷавон PDF Печать

Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-

 

 

Дар Душанбе, дар Рўзи Ваҳдати миллӣ 27 июн 120 нафар ҷавонони саодатманди пойтахт ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштанд. Дар робита ба ин дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» маросими тантанавии ақди никоҳи 60 ҷуфт ҷавонони оилаҳои ниёзманди пойтахт баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон- Президенти ҷумҳурӣ ва Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Президенти мамлакат кулли навхонадоронро дар Рўзи Ваҳдати миллӣ бо ҳам бастани ақди никоҳ ва аз ҷониби шаҳрдорӣ доир намудани тўйи арўсию домодии онҳоро сидқан табрик намуда, бо ироаи ҳидоятҳои падаронаи хеш ба ҳар як ҷуфт дар расми тантанавӣ ангуштаринҳои тиллоӣ, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва 3000 сомонӣ тақдим намуда, ҳамзамон бо онҳо акси хотиравӣ гирифт.

 

 

Баргузор намудани тўйи арўсию домодии 60 ҷуфт ҷавони пойтахт иқдоми шаҳрдорӣ буда, он дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи дастгирии ташаббуси эҳсонкории субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ ҷиҳати баргузор намудани тўйи арўсию домодиии ҷавонони оилаҳои камбизоат дар шаҳри Душанбе» сурат гирифт. 11 субъекти хоҷагидорию соҳибкории шаҳр ҳар кадом 41 ҳазор сомонӣ барои ин амали хайр ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ, дар маҷмўъ 451 ҳазор сомонӣ хазина ташкил доданд. Аз ҳисоби он ба ҳар як ҷуфт либосҳои тўйёнаи шинам ва ангуштаринҳои тиллоӣ бо гирифтани андозаи сару либос ва ангуштҳои домоду арўс дар Туркия ҷиҳози тўйёна омода карда шуда, сарфаи маблағҳо ба ҳар як ҷуфт 3000 сомонӣ тақдим гардид, ки ҷараёни ҳамаи корҳои омодагӣ зери назорати Комиссияи марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гашт.

 

 

Дар маросими сабти асноди ҳолати шаҳрвандии 60 ҷуфт навхонадорон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни табрикоти худ гуфт, ки баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар асоси қарори шаҳрдорӣ «Дар бораи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоати пойтахт» бо саҳмгузории субъектҳои соҳибкорӣ аз моҳи апрели соли 2010 дар шаҳр 1824 тўйҳои хатнасур ва 104 тўйҳои арўсию домодӣ барпо карда шудаанд. Ҳамзамон барои навхонадорон дар Боғҳои Дўстии Халқҳо, Ирам, Кўли ҷавонон ва майдони 800-солагии Москва базми фарҳангӣ созмон дода шуд. Дар тарабхонаҳои Канд, Яккачинор, Роҳат ва қаҳвахонаи «Москва» тўйҳои арўсию домодии навхонадорон бо иштироки наздикону волидонашон доир карда шуд. Ҳамзамон дар ин рўзи барои мардуми тоҷик саиду фархунда дар “Наврўзгоҳи пойтахт” пойгаи аспдавонӣ, дар варзишгоҳи Марказии шаҳр бошад гўштини миллӣ ташкил карда шуд. Инчунин дар КВД «Маркази Дўстӣ- Интернет- кафе» (Боулдер - Душанбе) бошад аз соати 800 то 2300 видеоконфронсҳои муҳассилини пойтахт, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳсил менамоянд, бо волидайн ва ҳамтоёнашон аз пойтахт ба таври ройгон доир гардид.

Чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба ифтихори Рўзи ваҳдати миллӣ соати 20-00 бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ситораҳои санъати тоҷик дар “Боғи пойтахт” ба поён расид, ки дар расми ифтитоҳи он раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок ва табрикоти худро ба ифтихори ин сана ироа намуд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт ба ифтихори ин санаи сарнавиштсози миллӣ чорабиниҳои гуногун бошукўҳу шаҳомати хоса доир гардида, фазои идонаи тантанавӣ тибқи рисолати Душанбе- шаҳри Сулҳу ризоият ва ободониҳо то шомгоҳон идома дошт.