Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Кружок Шахмат

Опытный тренер покажет Вам и Вашему ребенку дорогу в "Волшебный мир шахмат"

Время занятий суббота в 02:00 до 16:00. За справками обращаться по номеру

+992 (372) 27-42-70

Курсы английского языка

English as a Second Language

УЧИМ АНГЛИЙСКИЙ ЛЕГКО И ПРОСТО!

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Компьютерные курсы

Наш ОПЫТ это начало

ВАШЕЙ блистательной КАРЬЕРЫ

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Медицинский кабинет

1-ый этаж, блок "Б",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Стоматологический кабинет

1-ый этаж, блок "B",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз527
mod_vvisit_counterДирӯз621
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2816
mod_vvisit_counterДар ин моҳ8944
mod_vvisit_counterҲамарӯза490457
Бонуи тоҷик «Душанбе-Плаза»-ро сарварӣ мекунад PDF Печать

Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Рафиқа Мўсоева ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таъин шудааст.
Рафиқа Мўсоева 59 сол дошта, зодаи Душанбест. Соли 1975 Донишкадаи муҳандисии Тоҷикистонро /алҳол Донишгоҳи техникӣ/ аз рўи ихтисоси «муҳандис-электрик» хатм намуда, ҳамзамон дар соли 1975 аспиранткаи Донишкадаи муҳандисони авиатсияи шаҳрвандии шаҳри Маскав буд. Инчунин бахши ғоибонаи Академияи мудирияти Русияро хатм намуда, солиёни зиёд дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва комсомол (созмони ҷавонон) фаъолияти пурмаҳсул намудааст. Мавсуф номзади илмҳои техникист. Солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои 2001-2003 дар мансаби вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Таъини Мўсоеваро аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ҳайси мудири «Душанбе-Плаза» ба масъулиятшиносию қавииродагӣ ва кордонии ў нисбат медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки бинои «Душанбе Плаза», ки дар зарфи ду сол дар маркази пойтахт-хиёбони Рўдакӣ -бурриши кўчаҳои Бухоро ва Теҳрон бунёд гардидааст, баландтарин бино маҳсуб мешавад. «Душанбе Плаза» дорои 22 ошёна буда, баландиаш 92 метр ва масоҳати умумиаш 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ин бино дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. «Душанбе Плаза» дорои тарабхонаҳо, толорҳои конфронсӣ, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ (офис) ва ду таҳхона-истгоҳи мошин, ки барои 100 автомобил пешбинӣ шудааст, мебошад. Бинои мазкур 12 лифт дошта, бо техника ва технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.