Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Бойгонии хабаҳо

Кружок Шахмат

Опытный тренер покажет Вам и Вашему ребенку дорогу в "Волшебный мир шахмат"

Время занятий суббота в 02:00 до 16:00. За справками обращаться по номеру

+992 (372) 27-42-70

Курсы английского языка

English as a Second Language

УЧИМ АНГЛИЙСКИЙ ЛЕГКО И ПРОСТО!

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Компьютерные курсы

Наш ОПЫТ это начало

ВАШЕЙ блистательной КАРЬЕРЫ

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Медицинский кабинет

1-ый этаж, блок "Б",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Стоматологический кабинет

1-ый этаж, блок "B",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз37
mod_vvisit_counterДирӯз646
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1976
mod_vvisit_counterДар ин моҳ12431
mod_vvisit_counterҲамарӯза756491
«Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ». Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ин мавзӯъро баррасӣ намуданд PDF Печать
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ДУШАНБЕ ПЛАЗА»

ДУШАНБЕ, 16.05.2019. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»  дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши  илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ»  доир гардид.

Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, олимону  мутахассисон, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва  намояндагони воситаҳои ахбори омма  иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши  мазкур тарғиби суннатҳои неки оиладорӣ,  беҳтарин арзишҳои оиладорӣ ва талқини онҳо ба насли ҷавону ояндасози миллат дар ҷаҳони муосир мебошад.

Ҷамъомадро  бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирок расонид.

Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад.

Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Тазаккур дода шуд, ки оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб мешавад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.   Соли оила эълон шудани соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат  тасдиқи гуфтаҳои болост. Ҳадафи аслии  ин иқдом, албатта, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзои оила равона шудааст. Зеро оила ҷузъи хурдтарини давлат буда, чӣ қадаре мустаҳкам бошад, ҳамон қадар давлат устувор мегардад ва имкониятҳои он дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқасоси  демократӣ зиёд мешавад.

Иштирокдорони ҳамоиш  дар мавзӯъҳои «Мушкилот ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ дар оила», «Аҳамияти донишҳои антропологӣ дар оила», «Арзёбии ҷабҳаҳои иқтисодии оила ва оиладорӣ», «Нақши оила дар муқобили буҳронҳои маънавӣ»,  «Оилаи солим- асоси давлат» ва ғайра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Сипас  миёни  иштирокдорони ҳамоиш доир ба  мавзӯъҳои  матраҳшуда суолу ҷавоб сурат гирифт.

/АМИТ «Ховар»/.