Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Бойгонии хабаҳо

Кружок Шахмат

Опытный тренер покажет Вам и Вашему ребенку дорогу в "Волшебный мир шахмат"

Время занятий суббота в 02:00 до 16:00. За справками обращаться по номеру

+992 (372) 27-42-70

Курсы английского языка

English as a Second Language

УЧИМ АНГЛИЙСКИЙ ЛЕГКО И ПРОСТО!

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Компьютерные курсы

Наш ОПЫТ это начало

ВАШЕЙ блистательной КАРЬЕРЫ

Контактные номера:
227 - 42 - 70;
(93) 880 – 41 – 65.

Медицинский кабинет

1-ый этаж, блок "Б",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Стоматологический кабинет

1-ый этаж, блок "B",
время работы
с 8:00 до 17:00,
Пн-Пт

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз82
mod_vvisit_counterДирӯз507
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1607
mod_vvisit_counterДар ин моҳ7107
mod_vvisit_counterҲамарӯза409578
«Душанбе Плаза» PDF Печать

 

 

«Душанбе Плаза» - маҷмааи бисёрфунксионалӣ мебошад, ки фаъолияти он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди тиҷорат, пешкаш кардани хизматрасониҳои баландсифат, гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тантанаҳои гуногуни оммавӣ, оилавӣ ва инфиродӣ равона гардидааст. Маҷмааи «Душанбе Плаза» моликияти коммуналии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Маҷмааи "Душанбе Плаза" барои пешбурди тиҷорат ва гузаронидани чорабиниҳо тамоми шароити мусоидро пешкаш менамояд, ин ҷо теҳнологияҳои пешрафтаи замонавӣ бо усулҳои беҳамтои меъморӣ бо ҳам омезиш ёфтаанд.

«Душанбе Плаза» - Маҷмааи ултразамонавӣ буда, яке аз беҳтарин марказҳои офисии гуруҳи А дар шаҳр ба ҳисоб меравад, ки ба тамоми талабот ҷавобгӯ мебошад. «Душанбе Плаза» намунаи беҳтарини санъати меъморӣ буда, бо меъмории маркази пойтахти Тоҷикистон хеле хуб якранг гардидааст. Ин бинои 22 қабата аз се блок иборат аст, ки масоҳати умумиашон 39734 м. кв-ро ташкил медиҳад (қабатҳои 1 то 5-ум - блоки А қисми стилобатӣ буда, қабатҳои 7 то 20-ум блокҳои Б ва В мебошанд).

 


Ба инфрасохтори Маҷмаа марказҳои офисӣ, соҳибкорӣ ва фарҳангӣ, тарабхонаҳову қаҳвахонаҳо, таваққуфгоҳи автомобилии пӯшидаи дуқабата дохил мешаванд. Бинои Маҷмаа бо лифтҳои манзаравии баландсуръат, эскалаторҳо таҷҳизонида шудааст.
«Душанбе Плаза» дар маркази пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Рӯдакӣ 38/1, дар наздикии бинои Парлумони Тоҷикистон - Маҷлиси Олии ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва бинои Маркази таҳқиқотҳои стратегии назди Президенти ҶТ ҷойгир шудааст.

 

 

Аз тиреза ва майдонҳои тамошокунии Маҷмаа манзараҳои майдони марказӣ ва таърихии пойтахти кишвар, аз ҷумла маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Қасри Миллат, бинои Парлумони кишвар, Боғи марказии ба номи А.Рӯдакӣ кушода мешаванд.

 

 

Бо вуҷуди он, ки Маҷмаа дар маркази таърихӣ ва сиёсии шаҳр ҷойгир шудааст, «Душанбе Плаза» мушкилоти нақлиётиро ҳис намекунад. Бо шарофати ҷойгиршавии хуб ва дастрасии озод ба шоҳрагҳои асосии нақлиётии шаҳр ба тамоми гӯшаву канори шаҳр дар дақиқаҳои башумор рафта расидан мумкин аст.